Сообщения

Душанбе шаҳри орзуҳо

Изображение
Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст. Имрӯз симои шаҳри дилоро ба кулли тағйир ёфта, дар ҳама гӯшаву канораш биноҳои ободу зебо қомат афрохтаанд. Боғҳои замонавӣ, роҳравҳои гулпӯш ва театру марказҳои фарҳангӣ  диққати ҳамагонро ба худ ҷалб мекунанд. (харитаи ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ дар ин ҷост)   дарон Шаҳр шабонгаҳ чароғон буда, барои сайру саёҳат бисёр қулай аст. Бахусус шаршараҳои форам, роҳравҳои сафолакпӯш ва дарахтони бо лампаҳои светодиодӣ ородода ба кас роҳат мебахшанд. Ҳамасола сайёҳони зиёде аз тамоми гӯшаву канори олам ба дидани манзараҳои дилошӯб ва шинос шудан бо фарҳангу маданияти шаҳрнишинии тоҷикон вориди шаҳри Душанбе мегарданд. Яке аз онҳо М. Анна мебошад, ки муддати ду сол аст  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ш. Душанбе меояд.  Тавре ӯ мегӯяд,  бо мақсади таҳсил ба ин ҷо омадааст, вале мехоҳад бо мардуми меҳмоннавоз ва табиати дилфиреби давлати тоҷикон ошноӣ пайдо кунад.